29 Ноябр 2024 - 20:00
Истиқболи Эрон аз тавофуқи оташбас ва хабари тавафуқи таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Лубнон

Порс -Тудей Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Иломии Эрон аз хабари тавофуқи таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Лубнон истиқбол ва бар ҳимояти қотеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз давлат. миллат ва муқовимати Лубнон таъкид кард.

Тавофуқи оташбас миёни режими Исроил ва Лубнон аз бомдоди чаҳоршанбе иҷроии шуд.

Ба гузоришии Порс-Тудей, « Исмоил Бақоӣ» Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба мавзеъи ҳамешагии Ҷумҳурииисломии Эрон мабнӣ бар зарурати тавофуқи фаврии ҷанг алайҳи Ғазза ва Лубнон ва таҳарукоти густардаи дипломотики Эрон барои расидан ба ин ҳадаф дар 14 моҳи гузашта хотирнишон кард: Нативаи ҷангаҷрӯзи ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ, ки бо ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико ва бархе давлатҳои аврупоӣ ҳамроҳ будааст, шаҳодати 60 ҳазор нафар инсони бегуноҳ. захми шуданд 120 ҳазор нафар ва оворагии беш аз севу ним миллиолн нафйар аз мардуми мазлуми Фаластин ва Лубнон ва тахриби густардаи зерсохтҳои ҳаёти дар Борикаи Ғазза ва Лубнон будааст.

Бақоӣ афзӯд: Бо таваҷҷуҳ ба дастурҳои муввақати содира аз девони байналмиллаии Додгустарӣ мабни бар ҷилавгирӣ аз наслкӯши ва ҳукми боздошти сарони режими саҳюнистӣ аз сӯи Девони байналмиллалии кайфари ба иттҳоми ҷиноёти ҷангӣ ва ҷиноёти алайҳи башарият, афкори умумии ҷаҳон, ки дар 14 моҳи гузашта нидои тавақуфи ҷанг ва наслкуширо сар додаданд, имрӯз дар интизори муҳокима ва муҷозоти ҷинояткорони режими ишғолгар ҳастанд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ҳамчунин бар масъӯлияти ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои муҳофизат аз сулҳу сабот дар минтақаи ғарби Осиё ва аъмоли фишори муассир бар режими мутаҷовизи саҳюнистӣ барои таваққуфи ҷанги алайҳи Ғазза таъкид кард.

Гуфтанӣ аст , режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 ҷанги вайронгариро зидди Борикаи Ғазза оғоз кардааст, ки дар ин муддат бештари манозилу зерсохтҳои ин борика ба шиддат осеби дида ва муҳосираи риққатбору буҳрони инсонии шадид дар канори қаҳтӣ ва гуруснагии бесобиқа , ҷони сокинони ин минтақаро таҳдид мекунад .

Асоси эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин , теъдоди шуҳадои фаластинӣ аз оғози ҷанги Ғазза токунӯн ба беш аз 44 ҳазор нафар расидааст, ки беш аз 70 дарсади онҳо зан ва кӯдак ҳастанд .

Артиши режими саҳюнистӣ аз 23 сентябри 2024 низ ҳамалоти густарда ба манотиқи мухталифи Лубнонро оғоз кард, ки ин ҳамалот бо посухи қотеъи Ҳизбуллоҳи Лубнон мувоҷеҳ шуд .

342/